Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 100-солагии адабиётшинос, мунаққид, омӯзгори варзида, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Соҳиб Табаров таҳти унвони «Соҳиб Табаров-мунаққид ва адабиётшиноси шуҳратёр» бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ҳамоиши илмӣ-адабӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки иқдоми наҷибу адабпарвари Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба шинохти шахсиятҳои бузурги илмию фарҳангии мамлакат қобили ситоиш ва пайравӣ мебошад. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ таҷлил намудани 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид Соҳиб Табаров аз ҷумлаи тадбирҳои фарҳангии Роҳбари давлат мебошанд.
Таъкид гардид, ки шавқу ангезаи афзуни китобхонию илмандӯзӣ, иродаи матину мавқеъгирии устувор, фаъолияти мудому пурмаҳсул, ҷалби таваҷҷуҳу баҳрамандӣ аз мактаби ахтарони пурҷилои илму адаби замон, дар 23-солагӣ пазируфта шудан ба узвияти Иттифоқи нависандагон, дар 25-солагӣ дифои рисолаи илмии номзадӣ, дар 29-солагӣ узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон гардидан, тақвияти пуркорию таълифот ва дигар далелҳо аз ҳаёти шарафбори наздик ба як қарни устод Соҳиб Табаров, воқеан, аз шахсияти барҷастаю нотакрор ва олими шоистаю фарзанди ҷонпайванди миллат будани ӯ башорат медиҳанд.
Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Зиндагӣ ва фаъолияти илмӣ-омӯзгории Соҳиб Табаров» ва «Маҳорати чеҳраофаринии Соҳиб Табаров дар танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ» маърузаҳо пешниҳод шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






