Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд

Декабрь 25, 2024 16:55

ДУШАНБЕ, 25.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Иванов, Донишгоҳи миллӣ-таҳқиқотии давлатӣ — муҳандисии сохтмонии Москва, Донишгоҳи федералии Қазони Федератсияи Русия ва Донишгоҳи давлатии технологии Беларус созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ин матлабро ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода дар ҷаласа оид ба натиҷагирии фаъолияти донишкада дар соли 2024 баён намуд.

Иброз гардид, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  аз соли 2013 инҷониб бо 19 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ва зиёда аз 50 ташкилоти дохилӣ бо мақсади гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъмин бо ҷои кор равобити ҳамкорӣ дорад.

Соли равон дар донишкада 14 намоиши инфиродӣ, донишкадавӣ ва байналмилалӣ ва 8 дарси маҳорат аз ҷониби омӯзгорон гузаронида шуд.

Дар анҷоми ҷаласа як зумра устодону кормандон ва донишҷӯён барои нишон додани фаъолияти назарраси корӣ, таҳсили хубу аъло, ғалаба дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ташкили намоишҳои инфиродии эҷодӣ бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Декабрь 25, 2024 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад