Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ Ҳоким Холиқзода доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи ҷаласа масъалаҳо оид ба таҷрибаи татбиқи ислоҳоти соҳа, татбиқи қонунгузорӣ дар самти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, таъмини риоя ва иҷрои дақиқи қонунгузории соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар раванди идомаи ислоҳот дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар доираи қонун шумораи мақомоти санҷишӣ аз 31 ба 23 адад кам гардида, тамоюли устувори давра ба давра кам шудани миқдори санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба мушоҳида мерасад.
Тибқи нақшаҳои дар мувофиқа бо Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқгардида, соли 2024 нисбат ба нишондиҳандаи соли 2023 тамоюли камшавӣ дида мешавад.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа оид ба таъмини риоя ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар ҷаласа оид ба дахолати беасоси масъулини мақомоти назоратию санҷишӣ ба фаъолияти хоҷагидории сармоягузорону соҳибкорон сухан гуфта шуд. Ҳамзамон ҳисоботи роҳбарони мақомоти санҷишӣ шунида шуд.
Дар робита ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Низомномаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ» ва «Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор» Номгӯи меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали мақомоти санҷишӣ, Номгӯи масъалаҳои назоратӣ ва Нақшаи гузаронидани санҷишҳо барои соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






