Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон барномаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ доир шуданд
ДУШАНБЕ, 05.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон (5 декабр) таҳти унвони «Хайрхоҳӣ шараф аст-волонтёр мешавем!» барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ ва аксияву ҳамоишҳои гуногун баргузор шуда, зимни он 40 нафар ихтиёриёни фаъол қадрдонӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Таъкид шуд, ки таҷлили Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол далели таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ихтиёриён ва фаъолияти содиқонаву фидокоронаи онҳо мебошад.
«Воқеан волонтёрӣ — мактаби бузурги далерию шуҷоат, тавоноӣ, ҳушёрию доноӣ ва руҳияи солим буда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонон ва инсонҳо мусоидати фаъол менамояд. Зеро ҳамон шахсе волонтёр шуда метавонад, ки дили гарму нияти нек, ташаббусҳои наву идеяҳои ҷолиб дошта, некхоҳу некбин бошад»,- иброз намуд Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни чорабинӣ.
Бояд таъкид намуд, ки хайрхоҳӣ, амали нек кардан ё ҳаракати волонтёрӣ дар замони муосир чизи нав нест. Зеро миллати тамаддунофари тоҷик аз қадим ҳамеша бо роҳи ҳашар ва дар якҷоягӣ барои ободии деҳу дастгирии шахсони ниёзманду барҷомонда дасти ёрӣ дароз мекарданд. Аз ин хотир ҷавонону наврасонро мебояд дар пайравӣ ба гузаштагони соҳибтамаддун ин хайрхоҳиро, ки дар замони муосир бо шаклҳои нав зуҳур кардааст, пайгир бошанд ва давомдиҳандаи корҳои неки аҷдодон гарданд.
Ба андешаи волонтёри фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Шабнам Шамсиддинзода, волонтёр шахсе мебошад, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, кор ва малакаи худро бемузд ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд.
«Фаъолияти волонтёрӣ самт ва ҷанбаҳои зиёдеро фаро гирифта, то имрӯз мутахассисони ҷавонро барои соҳаҳои гуногун омода намудааст. Ҳамзамон ба онҳо хислатҳои неки инсонӣ, ба мисли инсондӯстӣ, якдигарфаҳмӣ, дастгирии ҳамдигар, меҳру шафқат нисбат ба якдигар ва ростию накукорӣ омӯзонидааст»,- мегӯяд ӯ.
Волонтёри дигари ин ташкилот Аҳдия Бобоалиева иброз намуд, ки “имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки сафи мо — волонтёрон рӯз то рӯз афзуда, аз он дарак медиҳад, ки кору амали мо нек аст. Ман дар кадом соҳа ва дар кадом синне набошам, ҳамеша волонтёр ҳастам ва хоҳам буд. Чун андешаи ман ин аст, ки рисолати ҳар инсон, пеш аз ҳама, ба мардум некхоҳ будану ба онҳо ҳамвора дасти кумак дароз кардан аст”.
Ба андешаи волонтёр Амина Бобозода, ҷавононе, ки имрӯз фаъолияти волонтёрӣ доранд, метавонанд худро дар дилхоҳ самт санҷишу озмоиш намоянд. Фаъолияти волонтёрӣ барои ҷавонон имконияти мусоиди такмилу ташаккулро фароҳам овард. «Зеро волонтёрон дар баробари хизмати содиқона ба ҷомеа бо ҳунару дониши намунавии худ Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ менамоянд»,- гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки соли 1985 бо пешниҳоди Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 5 декабр Рӯзи волонтёрон (ихтиёриён) муқаррар гардид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






