Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон барномаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ доир шуданд

Декабрь 5, 2024 16:50

ДУШАНБЕ, 05.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон (5 декабр) таҳти унвони «Хайрхоҳӣ шараф аст-волонтёр мешавем!» барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ ва аксияву ҳамоишҳои гуногун баргузор шуда, зимни он 40 нафар ихтиёриёни фаъол қадрдонӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Таъкид шуд, ки таҷлили Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол далели таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ихтиёриён ва фаъолияти содиқонаву фидокоронаи онҳо мебошад.

«Воқеан волонтёрӣ — мактаби бузурги далерию шуҷоат, тавоноӣ, ҳушёрию доноӣ ва руҳияи солим буда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонон ва инсонҳо мусоидати фаъол менамояд. Зеро ҳамон шахсе волонтёр шуда метавонад, ки дили гарму нияти нек, ташаббусҳои наву идеяҳои ҷолиб дошта, некхоҳу некбин бошад»,- иброз намуд Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни чорабинӣ.

Бояд таъкид намуд, ки хайрхоҳӣ, амали нек кардан ё ҳаракати волонтёрӣ дар замони муосир чизи нав нест. Зеро миллати тамаддунофари тоҷик аз қадим ҳамеша бо роҳи ҳашар ва дар якҷоягӣ барои ободии деҳу дастгирии шахсони ниёзманду барҷомонда дасти ёрӣ дароз мекарданд. Аз ин хотир ҷавонону наврасонро мебояд дар пайравӣ ба гузаштагони соҳибтамаддун ин хайрхоҳиро, ки дар замони муосир бо шаклҳои нав зуҳур кардааст, пайгир бошанд ва давомдиҳандаи корҳои неки аҷдодон гарданд.

Ба андешаи волонтёри фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Шабнам Шамсиддинзода, волонтёр  шахсе мебошад, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, кор ва малакаи худро бемузд ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд.

«Фаъолияти волонтёрӣ самт ва ҷанбаҳои зиёдеро фаро гирифта, то имрӯз мутахассисони ҷавонро барои соҳаҳои гуногун омода намудааст. Ҳамзамон ба онҳо хислатҳои неки инсонӣ, ба мисли инсондӯстӣ, якдигарфаҳмӣ, дастгирии ҳамдигар, меҳру шафқат нисбат ба якдигар ва ростию накукорӣ омӯзонидааст»,- мегӯяд ӯ.

Волонтёри дигари ин ташкилот Аҳдия Бобоалиева иброз намуд, ки “имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки сафи мо — волонтёрон рӯз то рӯз афзуда, аз он дарак медиҳад, ки кору амали  мо нек аст. Ман дар кадом соҳа ва дар кадом синне набошам, ҳамеша волонтёр ҳастам ва хоҳам буд. Чун андешаи ман ин аст, ки рисолати ҳар инсон,  пеш аз ҳама, ба мардум некхоҳ будану ба онҳо ҳамвора дасти кумак дароз кардан аст”.

Ба андешаи волонтёр Амина Бобозода, ҷавононе, ки имрӯз фаъолияти волонтёрӣ доранд, метавонанд худро дар дилхоҳ самт санҷишу озмоиш намоянд. Фаъолияти волонтёрӣ барои ҷавонон имконияти  мусоиди такмилу ташаккулро фароҳам овард. «Зеро волонтёрон дар баробари хизмати содиқона ба ҷомеа бо ҳунару дониши намунавии худ Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ менамоянд»,- гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки соли  1985 бо пешниҳоди Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 5 декабр Рӯзи волонтёрон (ихтиёриён) муқаррар гардид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 5, 2024 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«МОДАР! ТУ БИҲИШТИ ҶОВИДОНӢ!». Таҳти ин унвон дар Суғд бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд
Дар Душанбе оид ба татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саммити чорум доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Хадамоти иҷро зиёда аз 44 ҳазор мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 109 хонаи аз офатҳои табиӣ зарардида барқарор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 барои нафақагирон маблағгузорӣ 48 фоиз зиёд гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо 26 маркази тадқиқотӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад
«ЗАНОН-ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар вилояти Хатлон беш аз 19 ҳазор занон роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд
ҶОИЗАСУПОРИИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2024. Беш аз 150 нафар ҷавонон ҳавасманд гардонида шуданд
Ба Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе таҷҳизоти рентгенӣ тақдим гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 аз рӯйи 50 касбу ҳунар 12 ҳазор нафар соҳиби касб гардид
Дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2024 оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон 105 муассисаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад