Дар Душанбе Форуми байналмилалии волонтёрӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 11.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҳти унвони «Тақвияти шабакаҳои волонтёрӣ барои навоварӣ, рушди малакаҳо ва ҳамбастагии иҷтимоӣ» Форуми байналмилалии волонтёрӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Якумин ҷаласаи пленарии он бо иштироки роҳбарияти Кумита, шарикони рушд, ташкилоти ҷамъиятӣ ва намояндагони ҳаракатҳои волонтёрии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайн) доир шуд.
Мақсад аз баргузории ҳамоиш гирифтани таҷрибаи пешқадам дар фаъолияти волонтёрӣ, таҳкими шабакаҳои волонтёрӣ ва рушди ташаббусҳои иҷтимоии ин соҳа мебошад.
Ҳадафи аслии Форуми байналмилалии волонтёрон таҳкими дӯстию ҳамдилӣ, рафоқату баҳамоӣ, омӯзиши таҷриба, баланд бардоштани нақши ихтиёриён дар ҷомеаи муосир ва тақвият бахшидани рушди фаъолияти волонтёрӣ мебошад.



Иштирокчиён ва меҳмонон метавонанд дар сессияҳо оид ба рушди донишу маҳорат барои дарёфти кори фосилавӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, санъати идоракунии вақт ва салоҳияти асосии асри 21, ки барои муваффақгардӣ дар ҷаҳони зудтағйирёбанда зарур мебошанд, иштирок намоянд. Форум платформаи вохӯрии ҷавонон ва коршиносон мегардад, ки дар он ҳар нафар аз мусоҳибаҳои ҷолиб то семинарҳои эҷодӣ барои худ чизе ёфта метавонад.
Дар форум мавзуъҳо оид ба таъсири фаъолияти волонтёрӣ ба ҳаёти инсон ва ҷомеа, пайдоиши касбҳои нав ва талаботи бозори меҳнат дар оянда, истифодаи технологияҳои навин, аз қабили зеҳни сунъӣ (ChatGPT, Imagen, BLOOM) баррасӣ мешаванд.



Форум бо сайру гашти маконҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва Ҳисор ба охир расида, ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки бо таъриху фарҳанги тоҷикон аз наздик шинос шуда, аз он баҳра баранд.
Дар ҷамъбасти форум Озмуни ҷумҳуриявии «Волонтёрӣ ба ман чӣ дод?» натиҷагирӣ шуда, ғолибон бо туҳфаҳо қадршиносӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки форум 12 декабр анҷом меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд






