Дар Душанбе таҳти унвони «Нақши занон дар муқовимат ба коррупсия» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия (9 декабр) таҳти унвони «Нақши занон дар муқовимат ба коррупсия» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конференсия иброз гардид, ки ҳадафи асосии ҳамоиш таҳлили нақши занон дар муқовимат ба коррупсия, таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ барои пешгирии ин мушкилот мебошад.
Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Пешвои миллат бартараф ва коҳиш додани шиддати ин амали номатлубро дар ҳар суханронию мулоқот махсусан таъкид менамоянд.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон чунин таъкид доштаанд: «Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи мамлакат буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯйи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозигии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад».
Нақши занон дар таҳкими сиёсати зиддикоррупсионӣ назаррас арзёбӣ гардида, барои баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа тамоми талошҳо ва тадбирҳои шоиста амалӣ мегарданд.
Таъкид гардид, ки муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо, ба монанди ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолнокии ҳар фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин амали номатлуб вобаста аст.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия»-ро 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонида, 16 апрели соли 2008 тасдиқ намуд. Дар ин бобат меъёрҳои қонунгузории мамлакат ба талаботи ин Конвенсия мутобиқ гардонида шуданд. Дар ин замина чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаю стратегияҳои давлатӣ қабул гардиданд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






