Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд шароит муҳайё гардид
ДУШАНБЕ, 06.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Баъди навсозӣ дар толори барҳавои Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев», ки 989 ҷойи нишаст дорад, барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ гардидани ин муассисаи фарҳангӣ бори дигар аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи фарҳанг дарак медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва санъату ҳунари миллӣ дар замони бархӯрди тамаддунҳо хеле муҳим аст, зеро ҳастии миллату давлат ба рушди фарҳанг вобастагии калон дорад.
Баъди навсозӣ дар бинои Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» барои кору эҷоди аҳли ҳунар шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Боми бино иваз ва намои берунии он навсозӣ гардидааст. Фаввораҳо барқарор шуда, саҳни бино бо гулу буттаҳои ороишию сояафкан оро ёфтааст.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ даҳлезҳо, толори барҳавои муассиса бо 989 ҷойи нишаст, 10 ҳуҷраи пардозгарӣ ва ёрирасон аз таъмир бароварда шуд. Дар толори консертӣ дастгоҳҳои тақвияти овоз, чароғҳои нави ранга ва монитори калон насб гардидааст. Дар маҷмуъ дар толор барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҳунарӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд.
Мавриди ёдоварист, ки 27 августи соли равон дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ боз як муассисаи фарҳангӣ — «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ифтитоҳ гардид.
Муассисаи мазкур дорои шароити муосир барои омӯзиш ва аз худ намудани нозукиҳои санъати мусиқӣ ва рассомӣ буда, аз 4 ошёна иборат мебошад. Он дорои 61 синфхонаи барҳаво, 4 толори рақс, китобхона, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраи таъмири созҳои мусиқӣ, толорҳои хурду калони консертӣ, осорхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Бо истифода аз шароиту имконоти мусоид 30 нафар устодони моҳир ва соҳибтахассус ба шогирдон малакаи касбӣ ва таърихи санъату назарияи мусиқиро омӯзиш медиҳанд.
Дар иншооти мазкур бештар аз 500 нафар дар як баст ба таҳсил ва омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд.
Дар маҷмуъ ҳайати омӯзгорон имкон доранд, ки дар нуҳ шуъбаи фаъолияткунанда навозиши фортепиано, созҳои нафасӣ, миллӣ, зарбӣ ва ҳам овозхонӣ, санъати тасвирӣ, маҳорати театрӣ ва дигар ҳунару истеъдодро ба шогирдон омӯзонанд.
Хотиррасон мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон 18 ноябри соли равон ба роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои навсозӣ ва таъмири муассисаҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта, бартараф намудани норасоии кадрҳои соҳа ва ислоҳи саривақтии дигар камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар ин робита, аз ҷумла таъкид гардид, ки ҳар як шаҳру ноҳия бояд мактаби мусиқӣ дошта бошад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки то Наврӯзи соли 2025 ҳамаи муассисаҳои фарҳангии нуқсондошта тармим карда шаванд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






