Дар Исломобод Бизнес-форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд

Декабрь 13, 2024 17:15

ДУШАНБЕ, 13.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон имрӯз дар шаҳри Исломобод Бизнес-форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Покистон доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Бизнес-форум Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, Вазири тиҷорати Покистон Ҷам Камал Хан ва доираи васеи соҳибкорони ҳарду ҷониб иштирок намуданд.

Далер Ҷумъа иброз дошт, ки зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масоили вобаста ба рушду густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ, кишоварзӣ, зерсохторҳои нақлиётию энергетикӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ матраҳ гардиданд.

Ҳамзамон нақши Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар татбиқи ин ҳадафҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз шароити мусоиди фароҳамгардида барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид кард, ки мулоқоту музокироти васеъ ва созандаи корӣ байни соҳибкорони ду ҷумҳурӣ ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва зиёд гардидани ҳаҷми гардиш молу маҳсулот байни мамлакатҳо мусоидат менамоянд.

Дар доираи Бизнес-форуми соҳибкорӣ ҳайати Тоҷикистон ба якчанд шаҳрҳои Покистон, аз қабили Лоҳур, Сиалкот, Гуҷранвала сафар намуд.

Соҳибкорони тоҷик бо корхонаҳои ин шаҳрҳо шинос шуда, бо доираҳои соҳибкории Покистон мулоқот анҷом медиҳанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2024 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд