Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои ҷойи якум 1000, ҷойи дуюм 700 ва ҷойи сеюм 500 сомонӣ тақдим гардид. Ба ғолибони даври ҷумҳуриявии ин озмунҳо ва устодони онҳо 5000 ва 3000 сомонӣ мукофот дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд, соли равон дар даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 475 нафар, дар даври вилоятӣ 75 ва дар даври ҷумҳуриявии он 14 нафар иштирок намуд. Дар озмун Сумая Рустамова, Афрӯза Эргашева, Фараҳбахш Аҳмадзода ва омӯзгор Барно Муқбилова дар номинатсияҳои гуногун ғолиб омаданд.
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар даври шаҳрӣ 1352 нафар, дар даври вилоятӣ 68 нафар ва дар даври ниҳоӣ 9 нафар иштирок намуд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Муҳаммадҷон Қосимов соҳиби ҷойи якум ва Зулфия Амонқулова сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Иброз гардид, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боло бурдани маърифати фарҳангӣ, рӯ овардан ба илму маърифат, баланд бардоштани завқи бадеӣ, рӯ овардан ба китоб, илму дониш ва кашфи истеъдодҳои нав баргузор мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






