Дар Шаҳринав бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия конференсия доир гардид
ШАҲРИНАВ, 09.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия (9 декабр) дар мавзуи «Муқовимат ба коррупсия-кафили рушди давлатҳо» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Усулҳои амалигардонии муқовимат ба коррупсия», «Муқовимат ба коррупсия-тақозои замон ва ҷаҳони муосир», «Коррупсия ва хатари он ба ҷомеа», «Нақши «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»», «Коррупсия-зуҳуроти номатлуби ҷомеа», «Мубориза бар зидди коррупсия амали дастҷамъонаро тақозо менамояд» ва «Аҳамияти муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тандурустӣ» сухан гуфта шуд.
Мақсади асосии баргузории конференсия баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии бар зидди коррупсия қабулшуда мебошад.


Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар сокини мамлакат мебошад».
Аз ин рӯ бо такя ба суханони Сарвари давлат ҳар фарди бонангу номуси Ватан ва хештаншиносу бедордил даъват карда шуд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз миллату давлат, шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва фазои орому осуда зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аз як гиребон сар бароварда, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон, посдории сулҳу субот, решакан намудани коррупсия ва ҷинояту ҷинояткорӣ дар сафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гиранд. Зеро танҳо бо ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии миллӣ мо метавонем ба ҳадафҳои сиёсии зиддикоррупсионӣ дар мамлакат ноил гардем.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд






