Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол гардид
БОХТАР, 04.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 ноябр то 1 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол баргузор гардид. Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ин мусобиқаи варзишӣ фаъолона иштирок намуда, ғолиби мусобиқа гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
3 декабр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар барои истиқболи ғолибони дастаи мунтахаби футболбозон ҷамъомад доир шуд. Ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз дошт, ки «тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷузъи муҳимми зиндагии инсоният буда, дар таъмини саломатии ҳар шахс нақши асосӣ дорад. Ҳамин аст, ки варзишро қосиди сулҳу дӯстӣ, пайвандгари марзҳо, таҳкимбахши худшиносию худогоҳӣ ва муаррифи миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ ва заминагузори саломатӣ медонанд».
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар се марҳила бо иштироки зиёда аз 62 даста баргузор гардид. Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа 5 дастаи футболбозон роҳ ёфт. Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ин мусобиқаи варзишӣ фаъолона иштирок намуда, бо дастаи донишҷӯёни футболбози Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов бозӣ намуда, ғолиб гардид.
Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар соҳиби ҷойи якум, Диплом ва туҳфаҳо гардид. Ин комёбии донишҷӯён дар таърихи донишгоҳ бори аввал мебошад.
Ҷоизи ифтихор аст, ки бо пешниҳоди Раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори нахуст 9 феврали соли 2024 ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии футбол пешниҳод манзур гардид. Аз ҷониби ин созмони ҷаҳонӣ 25 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии футбол муайян шуд, ки ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






