Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол гардид

Декабрь 4, 2024 11:19

БОХТАР, 04.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 ноябр то 1 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол баргузор гардид. Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ин мусобиқаи варзишӣ фаъолона иштирок намуда, ғолиби мусобиқа гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

3 декабр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар барои истиқболи ғолибони дастаи мунтахаби футболбозон ҷамъомад доир шуд. Ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз дошт, ки «тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷузъи муҳимми зиндагии инсоният буда, дар таъмини саломатии ҳар шахс нақши асосӣ дорад. Ҳамин аст, ки варзишро қосиди сулҳу дӯстӣ, пайвандгари марзҳо, таҳкимбахши худшиносию худогоҳӣ ва муаррифи миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ ва заминагузори саломатӣ медонанд».

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар се марҳила бо иштироки зиёда аз 62 даста баргузор гардид. Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа 5 дастаи футболбозон роҳ ёфт. Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ин мусобиқаи варзишӣ фаъолона иштирок намуда, бо дастаи донишҷӯёни футболбози Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов бозӣ намуда, ғолиб гардид.

Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар соҳиби ҷойи якум, Диплом ва туҳфаҳо гардид. Ин комёбии донишҷӯён дар таърихи донишгоҳ бори аввал мебошад.

Ҷоизи ифтихор аст, ки бо пешниҳоди Раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори нахуст 9 феврали соли 2024 ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии футбол пешниҳод манзур гардид. Аз ҷониби ин созмони ҷаҳонӣ 25 май ҳамчун   Рӯзи байналмилалии футбол муайян шуд, ки ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Декабрь 4, 2024 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад