Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 24.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Беларус барои баргузории бозии дӯстона байни тимҳои миллии ду давлат дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи март ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларус рақобати дӯстона баргузор мешавад. Ин вохӯрӣ 20 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шуда, соати 16:00 оғоз меёбад.
Дар раддабандии ФИФА дастаи яккачини Тоҷикистон дар зинаи 104-ум ва дастаи мунтахаби Беларус дар ҷойи 98-ум қарор доранд.
Бозӣ бо дастаи мунтахаби Беларус марҳилаи омодагӣ ба вохӯрии даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» ба муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ мебошад. Вохӯрӣ бо Тиморӣ Шарқӣ 25 март дар Душанбе доир мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид






