Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонон неруи бузург ва муҳаррики асосии ҷомеа буда, дар рушду пешрафти соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат саҳми босазо мегузоранд. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат ва ҷавонони мақомоти гумрук баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш дастовардҳои мақомоти гумрук дар 33 соли Истиқлолияти
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар ҳамоиш намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони ҷавони Хадамоти гумрук доир ба дастовардҳои соҳаи гумрук дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуданд. Гуфта шуд, ки ҷавонони даврони истиқлолият бояд бо масъулияти баланд ба қадри озодӣ ва истиқлолият бирасанд. Ҷавонон метавонанд бо ташаббусҳои инноватсионӣ ва ғояҳои созанда ба пешрафти ҷомеа мусоидат намоянд, зеро Истиқлолияти давлатӣ барои ҷавонон имконияти васеъ фароҳам овардааст. Ҳар ҷавон бояд барои ободии Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими истиқлолият саъю кӯшиш намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ҷомеаи пешрафта ва устувор бунёд намоем.
Дар ҳамоиш масъулон вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвияти ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, инчунин танзими анъана ва ҷашну маросим сухан намуданд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш аз ҷониби масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони ҷавон ва фаъоли мақомоти гумрук сипосномаҳо тақдим шуданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






