Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Коллеҷи тиббӣ ба фасли зимистон омода шудаанд

Декабрь 5, 2024 08:49

КӮЛОБ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 15 ноябр дар биноҳои ҳама корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳри Кӯлоб гармидиҳӣ оғоз гардид. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ба маъракаи зимистонгузаронӣ омодагии хуб дида, биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯёнро аз таъмири асосӣ баровардаанд ва таҷҳизоти гармидиҳандаи барқиро омода сохтаанд. Дар айни замон ду шабакаи мустақими гармидиҳанда, ки яке  барои бинои асосӣ ва дигаре  бинои хобгоҳи донишҷӯён хизмат мерасонад, пурра омода ва миқдори зарурии ангишту ҳезум ва дигар намуди маводи сӯхт захира шудааст.

Тавре  мудири хоҷагии донишгоҳ Зафар Саъдуллоев ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  дар донишгоҳ барои утоқҳои корӣ ва дигар синфхонаҳо 76 кондитсионер ва 132 таҷҳизоти муосири гармидиҳандаи барқӣ насб карда шудааст. Инчунин 1500 литр сӯзишвории дизелӣ захира гардидааст, ки дар ҳолати зарурӣ истифода бурда мешавад.

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ба номи Раҳматулло Раҳмонзода» низ ба маъракаи зимистонгузаронӣ тайёрии хуб дидаанд. Дар ин муассиса, ки асосан ба воситаи неруи барқ гарм карда мешавад, иншооти барқӣ аз таъмир бароварда шуда, хати эҳтиётӣ низ насб шудааст. Ҳама синфхонаҳо бо радиаторҳои муосири барқӣ таъмин шудаанд.

Барои бемушкилӣ паси сар намудани зимистони солҳои 2024-2025 биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯён аз таъмир бароварда шуда, шишабандӣ шудаанд. Хобгоҳи донишҷӯён, ки дар он беш аз 300 донишҷӯ истиқомат доранд, ба талаботи санитарию эпидимиологӣ ва қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ буда, бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин мебошад. Дар утоқҳои биноҳои коллеҷ беш аз 60 кондитсионер ва 148 таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ насб шудаанд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 5, 2024 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад