Дурнамои рушди ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид

Декабрь 2, 2024 15:55

ДУШАНБЕ, 02.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои рушди ҳамкории илмӣ–таҳқиқотӣ, густариши корҳо дар самти рушди илмҳои дақиқ ва тайёр намудани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ имрӯз дар Ҷопон зимни мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Матсумото Хисаши баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд, ҷонибҳо барои дар оянда рушду инкишоф додани корҳои илмӣ байни ҳарду мамлакат, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Ҷопон, муҳайё намудани шароити корӣ барои олимону муҳаққиқон дар ҳарду давлат барои андӯхтани таҷрибаи корӣ байни кормандони илмӣ, олимону магистрантон ва докторантон ба мувофиқа расиданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 2, 2024 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад