Эмомалӣ Раҳмон: «Фаъолияти ҳокимияти судӣ ба таъмини қонуният ва адолати иҷтимоӣ равона шудааст»
ДУШАНБЕ, 06.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Конститутсия ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Ҳокимияти судӣ риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро кафолат дода, фаъолияти он ба таъмин намудани қонуният ва адолати иҷтимоӣ равона шудааст. Чунин изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабр зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ.
Сарвари давлат баён доштанд, ки Конститутсия ва қонунҳо танҳо ба суд ваколат додаанд, ки инсонро аз озодӣ маҳрум созад, гунаҳгорӣ ва бегуноҳии шахсро муқаррар намояд, ҳаёт, қадру номус, моликият ва дигар ҳуқуқҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро ҳифз карда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро таъмин намояд.
«Тибқи меъёрҳои Конститутсия нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад. Меъёрҳои Конститутсия кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошанд»,-изҳор доштанд Президенти мамлакат.
Таъкид гардид, ки бо назардошти он ки адолати судӣ яке аз воситаҳои асосӣ ва боэътимоди ҳалли баҳсҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, судяҳо вазифадор ҳастанд, ки фаъолияти худро танҳо дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ба роҳ монанд. Онҳо вазифадор мебошанд, ки ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақилу беғараз бошанд ва қарорҳои судиро танҳо дар доираи талаботи қонун қабул намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






