Эмомалӣ Раҳмон: «Судяҳо бояд ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд»

Декабрь 6, 2024 08:42

ДУШАНБЕ, 06.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ зарур донистанд, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин андешидани тадбирҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Тавре  Сарвари давлат таъкид намуданд, мақомоти судӣ  вазифадор мебошанд, ки корҳои таъсирбахши пешгирикунандаро мунтазам амалӣ намуда, мақомотро аз шахсони тасодуфӣ, ки ба шаъну эътибори мақомоти судӣ иснод меоваранд, тоза намоянд.

«Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти судӣ ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо шахсияти онҳо бояд ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор дода шавад ва дар баробари донишу таҷриба,  одобу ахлоқ ва масъулиятшиносии онҳо низ санҷида ва ба эътибор гирифта шавад»,-изҳор намуданд Пешвои миллат.

Вобаста ба ин Роҳбари давлат зарур шумориданд, ки судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ мунтазам аз даврҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва забономӯзӣ гузаронида шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 6, 2024 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд