Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Хорватия баргузор гардид

Декабрь 11, 2024 09:53

ДУШАНБЕ, 11.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Хорватия таҳти раёсати роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Хорватия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Форум намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Хорватия иштирок намуда, аз ҳарду ҷониб рӯнамо оид ба имконияти сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ пешниҳод карда шуд.

Мақсад аз баргузории форум густариши ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина ёфтани роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак мебошад.

Форум барои табодули таҷрибаи беҳтарин байни намояндагони бахшҳои гуногуни иқтисодиёт имконияти хуб фароҳам овард. Иштирокчиён изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия мусоидат менамояд.

Пас аз қисмати расмии форум вохӯриҳои дуҷониба дар қолаби «Давлат бо соҳибкор» (G2B) ва «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) баргузор гардиданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2024 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд