Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои барфу боронӣ эҳтиёткор бошед!»
ДУШАНБЕ, 06.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ медиҳад, ки 7-8 декабр дар ҷумҳурӣ бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад.
Кумита дар робита ба тағйирёбии обу ҳаво сокинонро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо бо мақсади ҳифзи бехатарии худ дар роҳҳои кӯҳӣ ҳаракатро маҳдуд кунанд. Аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар ноҳияҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Ҳавои номусоид метавонад боиси зарар дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон ва вайрон шудани боми хонаҳо гардад. Аз ин рӯ, сокинон ҳангоми дар берун будан бояд қоидаҳои бехатариро ба таври ҷиддӣ риоя намоянд. Дар ин рӯзҳо эҳтимоли зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи вайрон шудани пулҳо, обхезӣ ва ҳодисаҳои дигар зиёд аст.
Дар баробари ин Кумита эълом медорад, ки ронандагон пеш аз баромадан ба сафари дур аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ омода бошанд, аввал ба маълумоти обуҳавошиносон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои масъул диққат диҳанд. Қабл аз сафар мошинҳои худро санҷанд ва чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намоянд. Дар роҳҳо набояд суръати ҳаракатро боло бурд, зеро аксар садамаҳое, ки рух медиҳанд, маҳз бо сабаби риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ба амал меоянд.
Ҳамзамон кумита ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ менамоянд, тавсия медиҳад, ки ҳангоми гарм намудани манзилҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намуда, дар истифодаи қувваи барқ эҳтиёткор бошанд. Истифодаи якбораи чанд таҷҳизоти гармидиҳанда метавонад боиси сар задани сӯхтор гардад.
Кумита бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Майхӯра, ноҳияи Варзоб, шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ ва Душанбе-Ванҷ қисмҳои навбатдории сайёри шабонарӯзӣ таъсис додааст.
Дар ҳоли пеш омадани ягон ҳодисаи фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба қисми навбатдории ин кумита бо рақамҳои 112, 221-91-19, 93 880 28 19 муроҷиат намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






