Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои барфу боронӣ эҳтиёткор бошед!»

Декабрь 6, 2024 16:34

ДУШАНБЕ, 06.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ медиҳад, ки  7-8 декабр дар ҷумҳурӣ бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад.

Кумита дар робита ба тағйирёбии обу ҳаво  сокинонро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо бо мақсади ҳифзи бехатарии худ  дар роҳҳои кӯҳӣ ҳаракатро маҳдуд кунанд. Аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар ноҳияҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Ҳавои номусоид метавонад боиси зарар дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон ва вайрон шудани боми хонаҳо гардад.  Аз ин рӯ, сокинон ҳангоми дар берун будан бояд қоидаҳои бехатариро ба таври ҷиддӣ риоя намоянд. Дар ин рӯзҳо эҳтимоли зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи вайрон шудани пулҳо, обхезӣ ва ҳодисаҳои дигар зиёд аст.

Дар баробари ин Кумита эълом медорад, ки ронандагон пеш аз баромадан ба сафари дур аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ омода бошанд, аввал ба маълумоти обуҳавошиносон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои масъул диққат диҳанд. Қабл аз сафар мошинҳои худро санҷанд ва чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намоянд. Дар роҳҳо набояд суръати ҳаракатро боло бурд, зеро аксар садамаҳое, ки рух медиҳанд, маҳз бо сабаби риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ба амал меоянд.

Ҳамзамон кумита ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ менамоянд, тавсия медиҳад, ки ҳангоми гарм намудани манзилҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намуда, дар истифодаи қувваи барқ эҳтиёткор бошанд. Истифодаи якбораи чанд таҷҳизоти гармидиҳанда метавонад боиси сар задани сӯхтор гардад.

Кумита бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Майхӯра, ноҳияи Варзоб, шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ ва Душанбе-Ванҷ қисмҳои навбатдории сайёри шабонарӯзӣ таъсис додааст.

Дар ҳоли пеш омадани ягон ҳодисаи фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба қисми навбатдории ин кумита бо рақамҳои 112, 221-91-19, 93 880 28 19 муроҷиат намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 6, 2024 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид