Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид

Декабрь 25, 2024 08:54

ДУШАНБЕ, 25.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар доираи лоиҳаи муштараки миллии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба офатҳои табиӣ ба ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 15 намуд техникаи вазнин, махсус ва наҷот супорида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Иттилоъ  дода шуд, ки бо мақсади татбиқи минбаъдаи лоиҳаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Бонки ҷаҳонӣ «Беҳдошти омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» ҳамзамон 4 ҳавопаймои бесарнишин супорида шуд, ки се адади он барои таҳлил ва мониторинги минтақаҳои хавфнок пешбинӣ шудааст. Яке аз ин ҳавопаймоҳои бесарнишин бо камераи дорои тасвири инфрасурх ва ҳароратӣ барои шинохтани ҳалокшудагон дар ҳолатҳои фавқулода муҷаҳҳаз гардидааст.

Тамоми воситаҳои техникӣ барои корҳои фаврӣ ва самарабахши рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, анҷом додани корҳои наҷот ва дигар амалҳои таъхирнопазир, инчунин ба даст овардани иттилооти зарурӣ ва дақиқ дар мавриди вазъияти системаи табиию саноатӣ, хусусан дар навоҳии кӯҳистон, тарҳрезӣ ва қабули қарорҳои саривақтӣ вобаста ба пешгирии оқибатҳои эҳтимолии ҳолатҳои фавқулода ва расонидани ёрии тиббӣ пешбинӣ шудаанд.

Таъкид гардид, ки ин таҷҳизот, бешубҳа, ба наҷот додани ҷони одамони зиёд, осон намудани кори кормандони наҷот ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фавқулодаи кумакрасонӣ ва тадбирҳои пешгирикунанда мусоидат мекунанд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 25, 2024 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд