Лоиҳаҳои муҳандисии 10 донишҷӯи тоҷик ба сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ муаррифӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 13.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи баргузории ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо шароиту имконияти таҳсил ва омӯзиши илмҳои муосир дар Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Николай Бауман шинос шуданд.
Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Николай Бауман яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таҳқиқотии пешрафтаи ҷаҳон буда, дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассус оид ба истифодаи технологияи квантӣ мавқеи назаррас дорад.
Ҳоло дар донишгоҳ зиёда аз 33 ҳазор донишҷӯ аз ҳама кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳсил менамояд.
Зимни шиносоӣ ба роҳбарони ҳайатҳо лоиҳаҳои муҳандисии донишҷӯён муаррифӣ карда шуданд. Лоиҳаҳои муҳандисӣ аз ҷониби 100 донишҷӯи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла 10 донишҷӯи тоҷик пешниҳод ва муаррифӣ гардиданд.


Мушоҳидаи кайҳонӣ дар самти истифодаи оби баҳри Каспӣ ва нақшаҳо оид ба татбиқи ҳадафҳои марбут ба энергияи «сабз» аз ҷумлаи лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи гурӯҳи донишҷӯён буд, ки муаррифӣ шуд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар амал татбиқ намудани чунин лоиҳаҳоро фарогири манфиатҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номида, таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар самти дастрасии бештар ба энергияи «сабз» ва ташаккули иқтисоди «сабз» дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор шинохта шудааст ва ин ташаббусҳо аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ ҷонибдорӣ ва пуштибонӣ пайдо намудааст.










Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






