Масъалаи ҳамкории бонкҳои Тоҷикистон бо «Машриқ Бонк» муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар Амороти Муттаҳидаи Араб зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони «Машриқ Бонк» — роҳбари глобалӣ вобаста ба институтҳои молиявӣ ва институтҳои молиявии ғайрибонкӣ Азиз Ата оид ба имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва суратҳисобҳои амонатӣ табодули афкор карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва суратҳисобҳои амонатӣ барои анҷом додани амалиёт бо асъори хориҷӣ, инчунин ҳамкории «Машриқ Бонк» бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
«Машриқ Бонк» (Mashreq Bank) яке аз панҷ бонки бузургтарини Амороти Муттаҳидаи Араб, минтақаи Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ (MENA) ба ҳисоб меравад. Он доираи васеи маҳсулот ва хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумлаи бонкдории чакана ва корпоративӣ, тиҷорати электрониро барои бонкҳои минтақаи Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ, инчунин давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






