Масъалаи ҳамкории бонкҳои Тоҷикистон бо «Машриқ Бонк» муҳокима гардид

Декабрь 12, 2024 13:39

ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар Амороти Муттаҳидаи Араб зимни мулоқоти  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони «Машриқ Бонк» — роҳбари глобалӣ вобаста ба институтҳои молиявӣ ва институтҳои молиявии ғайрибонкӣ Азиз Ата оид ба имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва суратҳисобҳои амонатӣ табодули афкор карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва суратҳисобҳои амонатӣ барои анҷом додани амалиёт бо асъори хориҷӣ, инчунин ҳамкории «Машриқ Бонк» бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

«Машриқ Бонк» (Mashreq Bank) яке аз панҷ бонки бузургтарини Амороти Муттаҳидаи Араб, минтақаи Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ (MENA) ба ҳисоб меравад. Он доираи васеи маҳсулот ва хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумлаи бонкдории чакана ва корпоративӣ, тиҷорати электрониро барои бонкҳои минтақаи Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ, инчунин давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод менамояд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Декабрь 12, 2024 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1249 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025-ро ба муомилот мебарорад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд