Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд. Ин масъала 3 декабр зимни вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар давлатҳоии ҳамдигар ба шинохт ва муаррифии санъати нотакрор ва фарҳанги қадимии ҳарду давлат нигаронида шудааст.
Ҳамчунин ҷонибҳо вобаста ба масъалаи густариш додани ҳамкории мутақобили судманди фарҳангӣ ибрози назар намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон сол ба сол таҳким меёбанд. Ин ду давлати дӯст муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии чандинасра дошта, барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва махсусан соҳаи туризм барнома ва пешниҳодҳои мушаххас амалӣ намуда истодаанд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






