Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баррасӣ гардид

Декабрь 4, 2024 09:27

ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд. Ин масъала 3 декабр зимни вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар давлатҳоии ҳамдигар ба шинохт ва муаррифии  санъати нотакрор ва фарҳанги қадимии ҳарду давлат нигаронида шудааст.

Ҳамчунин ҷонибҳо вобаста ба масъалаи густариш додани ҳамкории мутақобили судманди фарҳангӣ ибрози назар намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон сол ба сол таҳким меёбанд. Ин ду давлати дӯст муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии чандинасра дошта, барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва махсусан соҳаи туризм барнома ва пешниҳодҳои мушаххас амалӣ намуда истодаанд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 4, 2024 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд