Масъалаи маблағгузорӣ барои ҳолатҳои офати табиӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ аз баррасии ҳамкории минбаъда дар татбиқи лоиҳаҳои оянда дар соҳаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ иборат буд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ яке аз лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузорӣ дар ҳолатҳои офати табиӣ, аз ҷумла заминларза, обхезӣ ва расонидани кумак ба аҳолии осебдида баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба дурнамои ҳамкории минбаъда табодули афкор намуда, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима намуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ






