Масъалаи маблағгузорӣ барои ҳолатҳои офати табиӣ баррасӣ гардид

Декабрь 10, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита  хабар доданд.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ аз баррасии ҳамкории минбаъда дар татбиқи лоиҳаҳои оянда дар соҳаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ иборат буд.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ яке аз лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузорӣ дар ҳолатҳои офати табиӣ, аз ҷумла заминларза, обхезӣ ва расонидани кумак ба аҳолии осебдида баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба дурнамои ҳамкории минбаъда табодули афкор намуда, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима намуданд.

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 10, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст