МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мош қобилияти дуру дароз захира шуданро дорад
ДУШАНБЕ, 01.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зироати лӯбиёгӣ, аз ҷумла мош, нахӯд, наск, мушунг дар сабади истеъмолӣ ва саноати хӯрокворӣ ҷойи муҳимро ишғол менамояд. Зироати лӯбиёгиро дар кишти такрорӣ васеъ истифода мебаранд. Яке аз зироате, ки дар кӯтоҳтарин муддат, яъне 70-75 рӯз пухта мерасад, ин мош аст. Чунин иброз медоранд мутахассисони соҳаи кишоварзӣ.
Дар заминҳои обии Тоҷикистон асосан ду намуди зироати лӯбиёгиро парвариш мекунанд: лӯбиёи одӣ ва мош. Мош растании буттааш ҷамъ буда, пояаш бо мӯякчаҳо пӯшонида шуда, дарозии қадаш то ба 65-70 сантиметр мерасад. Ҳаҷми дони мош нисбат ба дони лӯбиё хурд буда, рангаш сабз ё сабзи баланд мешавад. Давраи нашъунамои мош кӯтоҳмуддат буда, ба 70-100 рӯз баробар мебошад. Навъҳои маъмултарини мош дар ҷумҳурии мо асосан навъҳои миёнапазакро ташкил медиҳанд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки аввалин маротиба мошро дар Бангладеш, Ҳиндустон ва Покистон кишт мекарданд. Ин маҳсулоти донагӣ бо номи «лӯбиёи заррин» низ машҳур буд. Баъдан ин намуди донагӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд ва имрӯзҳо аз мош намудҳои гуногуни хӯрок, хӯришҳо, орд ва ҳатто яхмос омода мекунанд. Яъне дар таркиби яхмос орди мош низ ҳамроҳ менамоянд.
Дар заминҳое, ки мош ҳамчун зироати такрорӣ кишт карда мешавад, баъди ҷамъоварии ҳосили якум ба замин об монда, баъди расидани хок онро дар чуқурии 28-30 сантимет шудгор мекунанд. Кишти такрории мош бояд то 30 июн ба анҷом расонида шавад.
Замони ғунучини ҳосили мош аз рӯи зардшавии ғилофакҳо муайян карда мешавад. Ранги ғилофакҳои мош тағйир ёфта, донаҳояш дар ғилофакҳо сахт мешавад. Агар мо дар давраи ғунучини ҳосил андак дер кунем, ғилофакҳо кафида, дон мерезад, ки ин сабаби кам шудан ё талаф ёфтани ҳосил мегардад. Баъди ҷамъоварӣ ҳосил тоза карда, хушконида мешавад. Намии донҳо бояд аз 14-15 фоиз зиёд набошад.
Мош қобилияти дуру дароз захира шуданро дорад. Ба тавсияи олимон, мош бояд дар зарфи шишагин, ки аз он ҳаво намегузарад, нигоҳдорӣ шавад. Инчунин ба он бояд барги халиҷ ва намак ҳамроҳ кунанд, то аз ҳашарот эмин монад.
Ин зироат аз витаминҳо бой буда, 24 — 28 фоиз сафеда, 46-50 фоиз оҳар ва 2-4 фоиз равған дорад. Он ба инсон қувват мебахшад ва имунитети баданро мустаҳкам месозад. Аммо пизишкон ба одамоне, ки бемории аллергия доранд, истифодаи мошро тавсия намедиҳанд. Зеро он ба хурӯҷи ин беморӣ мусоидат менамояд.
Тавре дар китоби «Канзи Шифо» омадааст, мизоҷи мош дар дараҷаи якум сард ва моил ба хушкӣ аст. Агар пӯсташ ҷудо шуда бошад, мизоҷаш дар тарӣ ва хушкӣ мӯътадил мегардад.
Хислати шифобахшияш он аст, ки ҳамчун ғизо сабуктар аз наск мебошад. Агар онро бихӯранд, ғизои хуб буда, аз он дар ҷигар моддаи солим пайдо мешавад, вале аз меъда суст мегузарад, хусусан, ки пӯсти онро пухта бихӯранд. Зеро хушкӣ ва қуввати таҳлилдиҳандагӣ дар пӯсташ мавҷуд мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






