Муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон

Декабрь 3, 2024 15:24

ДУШАНБЕ, 03.12.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иштироки роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» дар 9 моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Таъкид шуд, ки омилҳои имрӯзаи ноустувории иқтисодии ҷаҳонӣ моро водор месозанд, ки оид ба пешгирӣ намудани таъсири онҳо ба иқтисодиёти миллӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешем.

Дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию  иқтисодӣ манбаи асосие, ки метавонад ҳадафҳои стратегӣ ва иҷтимоии мамлакатро таъмин намояд, буҷети давлатӣ мебошад.

Дар ин замина вазифаи тамоми вазорату идораҳои аз буҷет маблағгузоришаванда аз он иборат аст, ки хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявиро таъмин намоянд.

Барои амалӣ намудани ин мақсад пешбурди сиёсати устувори буҷету андоз ва иҷрои барзиёди он, ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ, зиёд намудани даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, роҳ надодан ба хароҷоти иловагии бесамар ва баланд бардоштани интизоми молиявӣ дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ имконпазир мебошад.

Дар интиҳои муҳокимаи парламентӣ баъди музокироти вакилони мардумӣ бо масъулини соҳа бо назардошти таклифу пешниҳодҳое, ки дар маърузаҳо иброз гардиданд, тавсияҳои дахлдор қабул шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 3, 2024 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид