Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо заминҳои кишт ва ниҳолхонаю гармхонаҳои Ҳисор шинос гардид
ҲИСОР, 5.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти кишоварзон, ҳолати заминҳои кишт ва ниҳолхонаю гармхонаҳо шинос шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз мақомоти шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо бо фаъолияти хоҷагии ниҳолпарварии Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Шумон», ки кормандони он ба шинонидани тухми меваҳои донакдор машғул буданд, шинос шуд. Ҳамчунин дар деҳаи Ҳуҷуми Ҷамоати деҳоти Навобод ба гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Суруш» рафта, бо ҳолати парвариши қулфинай бо усули қатрагӣ шинос гардид.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Ҳисор дар оғози ҳашари ниҳолшинонии сокинони деҳоти Навобод дар шафати шоҳроҳи Душанбе –Турсунзода иштирок карда, ниҳол шинониданд. Ҳамзамон дар доираи татбиқи Барномаи сабзу хуррамгардонии Ҳукумати мамлакат сокинонро ба идома додани маъракаи ниҳолшинонӣ даъват намуданд.
Сулаймон Зиёзода дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо бо фаъолияти фермаи чорводорӣ ва майдони кишти зироати кишоварзӣ дар хоҷагии ёрирасони Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба мутахассисони корхона барои рафъи камбудиҳо оид ба беҳтар намудани шароити нигоҳдории чорво ва парвариши зироат маслиҳат дод.
Дар Ҷамоати деҳоти Сомон меҳмонон бо ниҳолхонаи хоҷагии деҳқонии «Асадулло», майдони кишти барвақтии пиёз дар кооперативи тиҷоратии «Баракати Ватан» ва ҳамчунин дар деҳаи Мортеппаи ин ҷамоат бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар саҳрои хоҷагӣ шинос шуданд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба масъулини шаҳри Ҳисор барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки замин, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши содироти маҳсулот, сари вақт ҷамъ овардани ҳосили пахта ва захираи зарурии маводи ғизоӣ маслиҳатҳои судманд дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






