Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо заминҳои кишт ва ниҳолхонаю гармхонаҳои Ҳисор шинос гардид

Декабрь 5, 2024 12:00

ҲИСОР, 5.12.2024 /АМИТ «Ховар»/.  4 декабр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти кишоварзон, ҳолати заминҳои кишт ва ниҳолхонаю гармхонаҳо шинос шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз мақомоти  шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо бо фаъолияти хоҷагии ниҳолпарварии Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Шумон», ки кормандони он ба шинонидани тухми меваҳои донакдор машғул буданд, шинос шуд. Ҳамчунин дар деҳаи Ҳуҷуми Ҷамоати деҳоти Навобод ба гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Суруш» рафта, бо ҳолати парвариши қулфинай бо усули қатрагӣ шинос гардид.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Ҳисор дар оғози ҳашари ниҳолшинонии сокинони деҳоти Навобод дар шафати шоҳроҳи Душанбе –Турсунзода иштирок карда, ниҳол шинониданд. Ҳамзамон  дар доираи татбиқи Барномаи сабзу хуррамгардонии Ҳукумати мамлакат сокинонро ба  идома додани маъракаи ниҳолшинонӣ даъват намуданд.

Сулаймон Зиёзода дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо бо фаъолияти фермаи чорводорӣ ва майдони кишти зироати кишоварзӣ  дар хоҷагии ёрирасони Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба мутахассисони корхона барои рафъи камбудиҳо оид ба беҳтар намудани шароити нигоҳдории чорво ва парвариши зироат маслиҳат дод.

Дар Ҷамоати деҳоти Сомон меҳмонон  бо ниҳолхонаи хоҷагии деҳқонии «Асадулло», майдони кишти барвақтии пиёз дар кооперативи тиҷоратии «Баракати Ватан» ва ҳамчунин дар деҳаи Мортеппаи ин ҷамоат бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар саҳрои хоҷагӣ шинос шуданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба масъулини шаҳри Ҳисор барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки замин, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши содироти маҳсулот, сари вақт ҷамъ овардани ҳосили пахта ва захираи зарурии маводи ғизоӣ маслиҳатҳои судманд дод.

АКС: Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Декабрь 5, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд