Нақшаи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 -2028» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар шаҳри Душанбе Нақшаи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» муаррифӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар чорабинӣ намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва мақоми олии аудити Гурҷистон ва Озарбойҷон иштирок намуданд.
Зимни муаррифии нақшаи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» муовини раиси Палатаи ҳисоб Файзалӣ Аҳмадзода иброз намуд, ки «Нақшаи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2024-2028» бо назардошти анҷом ёфтани «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023» дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатару хавфҳои нав, Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин натиҷаи баҳодиҳии мустақили берунии сифати аудит ва фикру андешаҳои ҷонибҳои манфиатдор таҳия гардидааст.
Ташаккул додани идоракунии муносиби молияи давлатӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофият, таъмини ҳисоботдиҳӣ, нигоҳ доштани воқеият, мубориза бо коррупсия, дарёфти эътимоди ҷомеа ва мусоидат барои ба даст овардан ва истифодаи мақсадноки захираҳои давлатӣ ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон аз вазифаҳои калидии Палатаи ҳисоб маҳсуб мешавад. Ҳадафи стратегии Палатаи ҳисоб аз таъмини арзёбии самаранок, мақсаднок, шаффоф ва идоракунии масъулиятноки захираҳои давлатӣ иборат мебошад.
Такмил додани фаъолияти Палатаи ҳисоб ҳамчун мақоми олии аудити давлатӣ, таъмини сифати аудит ва ҳисоботи аудиторӣ дар заминаи стандартҳои касбӣ аз рӯйи принсипҳои ISSAI, таъмини рушди неруи касбӣ ва омӯзиш, ҷорӣ намудани раванди натиҷанокии аудити мутобиқат, молиявӣ ва самаранокӣ ва бо ҷонибҳои манфиатдор робитаи судманд намудан аз мақсадҳои асосии ниҳоди олии аудити ҷумҳурӣ мебошанд.
Дар ин ҳошия амалӣ намудани фаъолияти самараноки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил гаштан ба ҳадафу афзалияти Стратегияи миллӣ ва идома додани ислоҳоти муҳими иқтисодӣ дар самти истифодаи мақсадноку самараноки дороиҳои миллӣ бобати коҳиш додани таъсири хавфҳои беруна ва дохилӣ, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ дар заминаи ҷорӣ гардидани тартиби таъминоти молиявӣ бо мақсади гузаронидани аудити берунаи мустақили давлатӣ мусоидат намуд.
Зимни чорабинӣ баён гардид, ки бо шарофати дониш, таҷриба ва муносибати созанда мо метавонем барои татбиқи стратегия роҳҳое пайдо намоем, ки на танҳо барои ҳалли мушкилоти мавҷуда кумак кунанд, балки заминаи рушди устуворро низ фароҳам оранд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид






