Нақшаи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 -2028» муаррифӣ гардид

Декабрь 12, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар шаҳри Душанбе Нақшаи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» муаррифӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар чорабинӣ намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва мақоми олии аудити Гурҷистон ва  Озарбойҷон иштирок намуданд.

Зимни муаррифии нақшаи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» муовини раиси Палатаи ҳисоб         Файзалӣ Аҳмадзода иброз намуд, ки «Нақшаи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2024-2028» бо назардошти анҷом ёфтани «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023» дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатару хавфҳои нав, Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин натиҷаи баҳодиҳии мустақили берунии сифати аудит  ва фикру андешаҳои ҷонибҳои манфиатдор таҳия гардидааст.

Ташаккул додани идоракунии муносиби молияи давлатӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофият, таъмини ҳисоботдиҳӣ, нигоҳ доштани воқеият, мубориза бо коррупсия, дарёфти эътимоди ҷомеа ва мусоидат  барои ба даст овардан ва истифодаи мақсадноки захираҳои давлатӣ ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон  аз вазифаҳои калидии Палатаи ҳисоб маҳсуб мешавад. Ҳадафи стратегии Палатаи ҳисоб аз таъмини арзёбии самаранок, мақсаднок, шаффоф ва идоракунии масъулиятноки захираҳои давлатӣ иборат мебошад.

Такмил додани фаъолияти Палатаи ҳисоб ҳамчун мақоми олии аудити давлатӣ, таъмини сифати аудит ва ҳисоботи аудиторӣ дар заминаи стандартҳои касбӣ аз рӯйи принсипҳои ISSAI, таъмини рушди неруи касбӣ  ва омӯзиш, ҷорӣ намудани раванди натиҷанокии аудити мутобиқат, молиявӣ ва самаранокӣ ва бо ҷонибҳои манфиатдор робитаи судманд намудан аз мақсадҳои асосии ниҳоди олии аудити ҷумҳурӣ мебошанд.

Дар ин ҳошия амалӣ намудани фаъолияти самараноки  Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил гаштан ба ҳадафу афзалияти Стратегияи миллӣ ва идома додани ислоҳоти муҳими иқтисодӣ дар самти истифодаи мақсадноку самараноки  дороиҳои миллӣ бобати коҳиш додани таъсири хавфҳои беруна ва дохилӣ, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ дар заминаи ҷорӣ гардидани тартиби таъминоти молиявӣ бо мақсади гузаронидани аудити берунаи мустақили давлатӣ мусоидат намуд.

Зимни чорабинӣ баён гардид, ки бо шарофати дониш, таҷриба ва муносибати созанда мо метавонем барои татбиқи  стратегия роҳҳое пайдо намоем, ки на танҳо барои ҳалли мушкилоти мавҷуда кумак кунанд, балки заминаи рушди устуворро низ фароҳам оранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 12, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» муаррифӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Зиёда аз 1600 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор парванда баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо Эрон дар бахши инноватсия баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 53,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 8 ҳазор хатсайри мунтазам ва чартерӣ хизмат расонидааст
«Сомон Эйр» соли 2024 беш аз 1,5 миллион мусофирро ба 12 давлати ҷаҳон интиқол додааст
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе оид ба рушди инноватсия ва технологияи рақамӣ ҳамоиш доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ ошкор гардид
Тоҷикистон аввалин гузоришро оид ба барӯйхатгирии газҳои гулхонаӣ барои солҳои 1990-2022 ба Конвенсияи қолабии СММ пешниҳод намуд