Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресс ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 12.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар Конгресс ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода дар мавзуи «Сохти геологӣ ва азхудкунии минбаъдаи кон дар шароити мураккаби кӯҳӣ –геологӣ (дар мисоли кони нуқраи Якҷилва-Помири Шарқӣ)» маъруза намуд.
Иброз гардид, ки ин ҳамоиш барои муколама, табодули таҷриба ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муттаҳидсозии бозори саноати маъдани кӯҳии давлатҳои Осиёи Марказӣ имконияти хуб фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариш додани ҳамкорӣ бо Хадамоти геологии назди Вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илми заминшиносӣ, бо Хадамоти геологии Британияи Кабир, Вазорати саноати кӯҳкорӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон барои гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар майдонҳои наздисарҳадӣ, бо Хадамоти геологияи Финландия дар доираи лоиҳаи «Тақвияти азхудкунии захираҳои табиӣ барои некуаҳволии миллӣ дар Тоҷикистон, марҳилаи II», бо Созмони заминшиносии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ташкили Кумитаи техникии муштарак бо мақсади амалӣ намудани омӯзиши заминшиносӣ ва мубодилаи илмӣ-эҷодӣ Ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






