Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресс ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд

Декабрь 12, 2024 15:15

ДУШАНБЕ, 12.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр намояндагони Тоҷикистон  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар Конгресс ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода дар мавзуи «Сохти геологӣ ва азхудкунии минбаъдаи кон дар шароити мураккаби кӯҳӣ –геологӣ (дар мисоли кони нуқраи Якҷилва-Помири Шарқӣ)» маъруза намуд.

Иброз гардид, ки ин ҳамоиш барои муколама, табодули таҷриба ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муттаҳидсозии бозори саноати маъдани кӯҳии давлатҳои Осиёи Марказӣ имконияти хуб фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариш додани ҳамкорӣ бо Хадамоти геологии назди Вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илми заминшиносӣ, бо Хадамоти геологии Британияи Кабир, Вазорати саноати кӯҳкорӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон барои гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар майдонҳои наздисарҳадӣ, бо Хадамоти геологияи Финландия дар доираи лоиҳаи «Тақвияти азхудкунии захираҳои табиӣ барои некуаҳволии миллӣ дар Тоҷикистон, марҳилаи II», бо Созмони заминшиносии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ташкили Кумитаи техникии муштарак бо мақсади амалӣ намудани омӯзиши заминшиносӣ ва мубодилаи илмӣ-эҷодӣ Ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

 АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 12, 2024 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бангкок тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЭСКАТО баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии Сеул оид ба корхонаҳои давлатӣ иштирок намуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА. Қабули ин санади стратегӣ кафолати рушди босуботи соҳа мебошад
Дар Тоҷикистон 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад
Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рақамикунонии соҳаи буҷет ва молия таъсис дода мешавад
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавориро масъалаи стратегӣ ва ҳаётан муҳим номиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат ба масъулон барои коҳиши фоизи қарзҳо ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дастур доданд
Тоҷикистон ба ҷомеаи рақамии пешрафта бо иқтисоди инноватсионии рақобатпазир табдил меёбад
Дар Барселона имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ба имзо расид
Муқовимат ба коррупсия омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст