НИҲОЛШИНОНӢ ВА САБЗАЗОРКУНӢ. Ба шаҳри Ваҳдат 1500 ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи санавбар дастрас карда шуд
ДУШАНБЕ, 05.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Ваҳдат бо корҳои омодагӣ ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Ромит, Ваҳдат-Норак ва мавзеи ниҳолпарварии навбунёди ин маҳал шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо иқдом ва мусоидати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар шафати шоҳроҳҳо ва талу теппаҳо шинонидани ниҳолҳо ба шаҳри Ваҳдат 1500 ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи санавбар дастрас карда шуд.
Дар ин иқдоми сабзкорӣ сокинони ҷамоатҳои шаҳри Ваҳдат низ фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҷониби муовини Сарвазири Тоҷикистон барои интихоби замин, ниҳол, тарзи шинонидан, нигоҳубин ва ба воя расонидани ҳар ниҳоли шинонида ба масъулин тавсияҳои судманд дода шуд. Иброз гардид, ки корҳо бояд тибқи тавсияи олимони соҳа ва риояи меъёрҳои агротехникӣ гузаронида шаванд.
Бо иқдоми мақомоти ҳифзи муҳити зист дар Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоили шаҳри Ваҳдат дар 2 гектар ниҳолхона ташкил шуда, атрофи он панҷарабандӣ мегардад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд






