Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»

Декабрь 10, 2024 09:56

ДУШАНБЕ, 10.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафарашон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ман гуфта буданд, ки «дарсҳоятро нағз хон, туро дастгирӣ мекунем». Аз ин маслиҳати падаронаи Сарвари давлат хеле руҳбаланд гардидам. Баъд аз он талоши бештар намудаму ба орзуям расидам-сазовори Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гаштам. Чунин иброз намудааст хонандаи синфи 9-и Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ Шаина Мабатқадамова, ки имсол дар номинатсияи «адабиёти классикии тоҷик»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори Шоҳҷоиза гардид.

Шаина таассуроти худро аз иштирок дар ин озмун иброз дошта, аз ҷумла чунин гуфт: «Барои иштирок дар даври ниҳоии озмун ба шаҳри Душанбе омадам. Дидам, ки пойтахти мо – шаҳри Душанбе хеле зебою пешрафта шудааст, аз он ифтихорманд гаштам. Ман шумораи зиёди довталабони озмунро дида, дар ҳайрат афтодам, ки ин қадар ҳамватанони лаёқатманду соҳибистеъдод дорем. Аз ҳама муҳим, доварон бисёр сахтгир буданд ва озмунро шаффоф гузарониданд».

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, Шаина дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ таҳсил намуда, дар хобгоҳи ин муассисаи таълимӣ истиқомат мекунад. Ӯ лаёқату истеъдоди фавқулода ва дастовардҳои зиёд дорад. Соли 2020 дар «Библиомарафон»– озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ, соли 2021 дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», соли 2022 дар озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ», соли 2023 дар олимпидаи фаннӣ аз забону адабиёти тоҷик дар ҷумҳурӣ, имсол дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пирӯз гашт.

«Ғолиб омадан дар чунин озмун хеле мушкил аст, зеро дар он беҳтарин довталабон аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъ меоянд. Шояд як сабаби пирӯз шуданам ин бошад, ки ман бо устодам ба ин озмун ду соли тамом омодагӣ гирифтем. Ҳар як шеъру ғазал­ро аз аввал то охир таҳлил кардем, луғат азёд кардам, аз адабиёти иловагӣ истифода бурдем, маслиҳати дигар устодонро гирифтем»,- баён дошт Шаина.

Ӯ илова намуд, ки «дар ин номинатсия ғолиб омадан ниҳоят душвор аст, вале ман бо ёрии устодам омодагии комил доштам. Низомномаи озмунро ҳам гаштаву баргашта омӯхтем ва аз рӯйи талаботи он тайёрӣ дидем. Озмун озмун аст, доварон ҳамин қадар саволборон карданд, ки чӣ қадар вақт гузашт, хабар наёфтам. Хушбахтона, ба ҳамаи саволҳои доварон ҷавоби пухта дода тавонистам».

Ба гуфтаи Шаина, ба худ бова­рӣ доштан ниҳоят зарур, ё худ шарти аввалин аст. Баъдан, азбаски ман қаблан дар озмунҳои дигар иштирок карда будам, таҷриба доштам ва таҷриба ҳам дар баробари донишу омодагӣ як ганҷи бузург аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 10, 2024 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид