«Панҷшер» дар бозии ҷавобии гузаришӣ бар дастаи «Парвоз» ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 09.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд барои мавсими ояндаи Лигаи олии Тоҷикистон бозии ҷавобии гузаришӣ баргузор карданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Вахш-Арена»-и шаҳри Бохтар доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гголҳои дастаи ғолибро дар ин вохӯрӣ Кристофер Бонней дар дақиқаи 83-юм ва Давлатбек Сайдаминов дар дақиқаи 86-ум ба нишон расониданд. Бо ин ғалаба дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Лигаи олии Тоҷикистон боқӣ монд, зеро вохӯрии аввали дастаҳо дар шаҳри Хуҷанд бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом ёфта буд. Дастаи футболи «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд дар мавсими оянда ҳунарнамоиро боз дар Лигаи якуми Тоҷикистон идома медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ ғолиби Лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими 2024 гардид. Дар 24 бозии мавсим дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ 62 имтиёз ба даст оварда, бо бартарии 2 имтиёз бар дастаи «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд чемпиони мусобиқа шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






