Пешгӯйии илмӣ: То соли 2027 дар баҳрҳои Арктика ях пурра аз байн меравад
ДУШАНБЕ, 10.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо эҳтимоли 3% метавон санаеро пешгӯӣ намуд, ки дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ дигар ях ба вуҷуд намеояд. Ин тахминан давоми як сол ё якчанд сол метавонад ба амал ояд. Новобаста ба ин, наметавон гуфт, ки Арктика аз рӯи Замин тамоман нест мешавад.
Тавре АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои хабарии Русия иттилоъ медиҳад, дар ин хусус коршиноси масоили иқлими фонди «Табиат ва одамон» Алексей Кокорин изҳор доштааст.
Ба иттилои ӯ, дар гузориши сеюми арзёбии тағйирёбии иқлими Хадамоти федеролии гидрометеорология ва мониторинги муҳити зисти Русия, ки ду сол қабл нашр шуда буд, ин эҳтимол барои соли 2030 5% арзёбӣ шуда буд, аммо аллакай соли 2015 он ҳамагӣ 0,5 фоизро ташкил дод.
Кокорин хотиррасон намуд, ки давраи тобистон дар Арктика аз моҳи май то моҳи сентябр давом мекунад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






