«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 18.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе» байни кӯдакони ятим озмуни «Пешвои ман-ифтихори ман» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузор намудани озмун таҳкими ҳисси ватанпарастӣ, садоқат ба Пешвои миллат, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ҳавасманд намудани онҳо ба омӯзиши фанҳои таълимӣ мебошад.
Озмуни «Пешвои ман-ифтихори ман» аз рӯйи се бахш дар се гурӯҳи синфҳо идома дорад:
— «Расми беҳтарин» дар мавзуи «Истиқлолият аз нигоҳи ман» байни хонандагони синфҳои 1-4;
— «Риёзидони беҳтарин» байни хонандагони синфҳои 5-8;
— «Ҳуқуқдони беҳтарин» байни хонандагони синфҳои 9-11.
Озмун 19 декабр ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо Диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон мавқеи меҳварӣ дорад. Ин гурӯҳи аҳолӣ таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳукумати мамлакат тарбияи насли наврас ва ниёзмандонро ҳамеша дар мадди назар қарор дода, онҳоро то ба ҳаёти мустақилона гусел намудан нигоҳубин менамояд. Дар мамлакат барои зисту таҳсил ва илму касбомӯзии онҳо тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






