Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба анҷом расидаанд»
ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба анҷом расидаанд. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки «дар ду соли охир дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз буҷаи давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст».
Президенти Тоҷикистон ҳамзамон барои таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ба ҳама ташкилоти байналмилалӣ ва шарикони ҳамкор миннатдории самимии мардуми Тоҷикистонро баён доштанд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «ин дастгирӣ ва таваҷҷуҳ барои мардуми Тоҷикистон дастгирии сиёсӣ, иқтисодӣ ва бисёр муҳим мебошад».








Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад






