«РОҲГАРДИИ СКАНДИНАВӢ». Дар Тоҷикистон мусобиқаи варзишии сайёҳӣ аз ин намуд баргузор мегардад

Декабрь 10, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба баргузории Мусобиқаи варзишии сайёҳӣ аз намуди «Роҳгардии скандинавӣ» ҷаласа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки ин мусобиқа нимаи сеюми моҳи декабри соли равон баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабинии варзишӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти фарогирӣ ба ҷойҳои фарҳангӣ ва санъат, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди сайёҳии варзишӣ мебошад.

Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки мусобиқаҳои варзиширо дар сатҳи байналмилалӣ баргузор намояд.

Ёдовар мешавем, ки роҳпаймоии скандинавӣ як намуди сайругашт аст, ки дар он аз таҷҳизоти махсус (чӯбҳо) истифода мешавад.

АКС: Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон

Декабрь 10, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд