ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2026. Наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи 1/16-ниҳоӣ бо тими Италия рақобат мекунад

Ноябрь 28, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қатар марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон — 2026  оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17) ба анҷом расид. Дар натиҷа ҳамаи ҷуфтҳои марҳилаи 1/16-ниҳоӣ муайян гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин марҳилаи мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки дар гурӯҳи «F» мақоми сеюмро касб кард, бо тими Италия, ки ғолиби гурӯҳи «E» гардид, вомехӯрад.

Рақобат 30-юми ноябр дар маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 17:30 ба вақти Душанбе.

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 28, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи 1/16-ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод