Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири барномарезӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории байналмилалии Миср мулоқот намуд

Декабрь 4, 2024 20:37

ДУШАНБЕ, 04.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири барномарезӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср ва ҳамраиси Комиссияи муштараки иқтисодӣ Рония Машшот мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Миср ҳамчун самти муҳими сиёсати хориҷии ҳарду давлат таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Таъкид карда шуд, ки рушди ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ ва сармоягузорӣ самти муҳими робитаи ҷонибҳо мебошад.

Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба манфиати ҷонибҳои арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаи густариши робитаҳои ду ҷониб дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, нақши Тоҷикистон ва Миср дар ҳалли масоили марбут ба обу иқлим, ҷалби сармоя ба Тоҷикистон ва рушди муносибатҳои фарҳангӣ изҳори назар карда шуд.

Декабрь 4, 2024 20:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд