Шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ ба фасли зимистон омода мебошад

Декабрь 1, 2024 08:50

ДУШАНБЕ, 01.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ ба фарорасии мавсими сармо омодагии ҷиддӣ дида, кӯшиш доранд, ки зимистони солҳои 2024 – 2025 – ро бе мушкилӣ паси сар намоянд.

Тавре сардори Шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ Ҷовидон Нуров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Шабакаҳои барқии ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024 -2025 омода буда, маводи зиёди зарурӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ дастрас шудаанд.

Тибқи нақша, бояд 35 симчӯби фарсуда бо симчӯбҳои нави бетонӣ иваз карда мешуд. То имрӯз аллакай 20 пояи фарсуда дар хатҳои баландшиддати барқи  6 /10 – 0,4 кВ бо пояҳои оҳану бетонии нав иваз карда шуданд, ки 57,1 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил доданд. Дар пояҳои фарсудаи боқимонда ивази пояҳои оҳану бетонии нав идома дорад.

Инчунин дар ЗТМ – 6 /10/0,4 кВ як трансформатори тавоноиаш паст ба баланд иваз карда шуд.

Ҳоло дар ҳудуди ноҳияи Восеъ шумораи муштариён аз ҳисоби аҳолӣ 32 ҳазору 343 нафар ва ташкилоту муассисаҳои буҷетию хусусӣ 1743 адад мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми 10 моҳи соли равон 1728 ҳисобкунаки электронӣ васл ва аз дохили хонаҳо берун бароварда шуданд.

Дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024 – 2025» Шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ тайёрии ҳамаҷониба дидаанд. Дар баробари дигар маводу таҷҳизоти захирашуда дар назар аст, ки рӯзҳои наздик боз 2 тонна равған барои трансформаторҳои қуввагии 6\10 – 0,4 кВ дастрас намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 1, 2024 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа