Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад

Декабрь 2, 2024 13:35

ДУШАНБЕ, 02.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар 182 иншооти алоқаи ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» дар қаламрави ҷумҳурӣ батареяҳои аккумулятории литийдор  насб карда шуданд. Як батареяи аккумулятории нав аз рӯи зарфияти худ  метавонад чор батареяи намуди пешинаро   иваз намояд.

Мақсади асосии муосиргардонии  системаи таъминоти неруи барқ  дар  зиёд кардани муҳлати  кори мустақили  таҷҳизоти алоқа  ифода меёбад.  Батареяҳои нав имкон медиҳанд, ки дар сурати қатъ шудани қувваи барқ муштариён ба муддати  бештар  бо алоқа таъмин шаванд.  Ғайр аз ин, мутахассисон-техникҳо низ  барои ивазкунии  аккумуляторҳо ба ноҳияҳои  дурдасти мамлакат камтар мераванд.

«Дар фасли сармо таҷҳизоти алоқа назорати махсус талаб мекунад. Ҳарорати паст муҳлати хизмати батареяро кам мекунад ва бориши барф роҳро  ба сӯи истгоҳҳои базавӣ  мушкил мегардонад.    Бинобар ин, мо кӯшиш кардем, ки то фарорасии  зимистон иншооти асосиро бо батареяҳои аккумулятории мукаммалтар таъмин намоем.  Албатта, навгардонии таҷҳизот   ба шаҳрҳое низ дахл дорад, ки  он ҷо ҳолатҳои хомӯшшавии  неруи барқ дида мешаванд»,-гуфт директори техникии  ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» Рафил Аглямов.

Аккумуляторҳои литийдор  дар зиёда аз 160 майдони  истгоҳҳои базавӣ, хатҳои магистралии нахӣ-нурии алоқа ва иншооти пайвасткунандаи  инфрасохтор гузошта   шудаанд. Дар мавридҳои зарурӣ истгоҳҳои базавии дурдаст бо батареяҳои дуқабата  таҷҳизонида мешаванд. Дар умум дар шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» то оғози зимистон 350 батареяи аккумулятории намуди нав  ба кор дароварда шуд.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Декабрь 2, 2024 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд