Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд

Декабрь 25, 2024 10:52

ДУШАНБЕ, 25.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯйи натиҷаҳои соли равон Русия ҳамоно шарики асосии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Гардиши мол байни ду давлат 19,8% афзун гардида, ҳаҷми он ба 1,79 миллиард доллари амрикоӣ баробар шудааст. Дар ин хусус зимни мулоқоти кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, ки 24 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Сарони ду давлат масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таъмини амну субот, аз ҷумла амнияти иттилоотиро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода, оид ба рушди устувори ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму техника, маориф ва фарҳанг ибрози андеша намуданд.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин зимни суҳбат дар хусуси аз ҷониби ҳукумати ин кишвар дар мактабҳои олии Русия зиёд намудани квота барои донишҷӯёни тоҷик хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки айни замон аз 40 ҳазор донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, тақрибан 33 ҳазор нафарашон дар қаламрави Федератсияи Русия таҳсил доранд. Ҳукумати Русия ҳар сол барои донишҷӯёни тоҷик барои ҷойҳои буҷавӣ дар мактабҳои олии Русия квота ҷудо мекунад.

Соли равон ин квота 1000 ҷойро ташкил кард ва ҳамасола он 100% иҷро мешавад. Ба ҷуз квота боз ба миқдори зиёд ҷойҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ мавҷуданд, ки ба ҷавонони Тоҷикистон бевосита аз ҷониби донишгоҳҳои Русия пешниҳод карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон дар Тоҷикистон 3 мактаби русӣ ва 59 мактаб таҳсилашон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ амал мекунанд, 5 мактаби нав аз ҷониби Президентҳои ду давлат- Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2022 ифтитоҳ гардиданд. Филиалҳои мактабҳои олии Русия — Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов, Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ-технологии МИСиС, Донишгоҳи миллии тадқиқотии МЭИ, инчунин Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон амал мекунанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 25, 2024 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд